[go: up one dir, main page]

Jump to content

Қрим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қрим
Нигора
Номи расмӣ Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-crh-latn" does not exist.
Аҳолӣ Criméach[1]
Қитъа Аврупо
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Ҷумҳурии Худмухтори Қрим[d] ва Republic of Crimea[d]
Ҷойгир аст дар назди обанбори Баҳри Сиёҳ ва Азов
Мавқеият South European Russia[d] ва southern Ukraine[d]
Адокунандаи моликият Русия ва Укройн
Шакли заминӣ Data:Ukraine/Crimea.map
Баландтарин нуқта Roman-Kosh[d]
Шумораи аҳолӣ
  • 2 340 921 тан (2017)
Масоҳат
  • 27 000 км²
Relief location map
Detail map
Economy of topic economy of Crimea[d]
Demographics of topic demographics of Crimea[d]
Гурӯҳ барои одамони дар инҷо дафншуда Q7976625?
Гурӯҳ барои назари элемент Category:Views of Crimea[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қрим (укр. Крим, қримтоторӣ: Қырым, Қрим), инчунин нимҷазираи Қрим (укр. Кримський півострів, қримтот. Qırım yarımadası, Kyrym yarymadası), пештар Таврия (юн. Ταυρίδα) — нимҷазира дар қисми ҷанубу шарқии Аврупо, қисми зиёди Қрим дар ҳудуди Руссия ва қисман дар ҳудуди вилояти Херсони Укроин ҷойгир аст. Бо баҳрҳои Азову Сиёҳ иҳота шуда, тавассути гарданаи камбари Перекоп ба материк мепайвандад (то 8 км). Масоҳаташ тақрибан 27 ҳазор км2. Тӯлаш аз шимол ба ҷануб — 207 км, аз ғарб ба шарқ — 324 км. Дар болои гулулугоҳи Керч пуле иборат аз ду бахш — автомобилгард ва роҳи оҳан сохта шудаст, ки нимҷазираҳои Керч ва Таманро мепайвандад.

Нимҷазираи Қрим аз замонҳои қадим ба номи Таврика машҳур буд, ки аз номи сокинони аввалияи он дар қисми ҷанубии нимҷазира — ақвоми таврик гирифта шудааст. Номи ҳозираи нимҷазира аз асри 13 ба баъд машҳур шуд ва он аз номи шаҳри «Киирим» — қароргоҳи хони Урдаи тилоӣ вом шудааст.

Маълумоти асосӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Водии Арвоҳ
Кӯҳҳои Қрим
Замини нав

Хатти соҳилии Қ. ноҳамвор аст: дар ғарб нимҷаз. Тарханкут, дар шимол гулугоҳи Каркинит, дар ҷануб гулугоҳи Каламит ва дар шарқ нимҷазираи Керч ҷудо мешаванд. Қад-қади соҳилҳои шарқӣ манзумаи гулугоҳҳои камоби Сивош тӯл мекашад, ки б. Азовро аз забонаи Арабат ҷудо мекунад.

Чашмандоз (Релеф)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди Қрим аз ҳамворӣ иборат аст: ҳомунҳои Присиваш, Индол, Алмин (баландӣ то 30 м) ва баландиҳои Тарханкут, Қрими Марказӣ, Керч. Дар ҷануби Қрим кӯҳҳои Қрим иборат аз се қаторкӯҳ, дар ғарб манзумаи қуллаҳои Байдар, Ай-Петрин, Ялтин, Никит, Гурзуф, Багуган-айла ва дар шарқ ноҳияҳои ҷудошуда (Чотирдоғ, Демерҷи-айла, Айлаи Долгоруков, Караби-Айла) ҷойгиранд. Дар нуқтаҳои баланди силсилакӯҳҳо релеф шакли карстӣ дорад.

Сохти геологӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи хусусиятҳои тектоникӣ, қисми зиёди Қрим (шимолу шарқӣ) ба платформаи ҷавони скифӣ бо қисми асосии чиндори палеозоӣ ва қабати болои таҳшинии мезозоиву кайнозоӣ тааллуқ дорад. Кӯҳҳои Қрим аз сисилаи чиндори Добружанский-Қриму Қафқози Копедоғи минтақаҳои серҳаракати Алпу Ҳимолой иборат буда, сохти кӯҳии кимериву алпӣ ва чиндор дорад. Канданиҳои фоиданоки Қрим аз маъодини оҳан, симон, оҳаксанг, мармар, базалт, намаксанг, газу нафт ва обҳои ширину минералӣ иборатанд.

Дар ҳамвориҳои Қрим баъзан иқлим континенталии миёна аст. Ҳарорати миёнаи январ дар ҳамвориҳо аз −2 то 0 , дар доманакӯҳҳои шимолӣ то −1,5 −20 паст шуда, дар Силсилакӯҳи асосӣ аз −4 то −50 ва дар соҳилҳои ҷанубӣ 2-40 -ро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи июл 22 то 24 мебошад. Боришоти ҳадди миёна дар давоми сол 350—450 мм, дар қисми ғарбии доманакӯҳҳои Кӯҳҳои Қрим ва Соҳили ҷанубии Қрим аз 500 то 600 мм, қаторкӯҳҳои ғарбии Силсилакӯҳи асосӣ то 1000—1500 зиёд мешавад. Боришоти зиёд дар доманакӯҳҳову ҳамвориҳо ба моҳҳои июн-июл, дар Соҳили ҷанубии Қрим ва қаторкӯҳҳо ба моҳҳои январу феврал рост меояд.

Дарё ва кӯлҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарёҳои Қрим аксар кӯтоҳу камобанд, ки тобистон бисёри онҳо хушк мешаванд. Дарёҳои нисбатан пуроби Қрим дар қаторкӯҳҳои қисми ҷанубӣ ҷойгиранд: Салгир, Алма, Кача, Белбек, Сиёҳ, Булганак. Дарёҳои асосӣ аз нишебиҳои бузурги кӯҳҳои Қрим сарчашма мегиранд. Манбаи обҳо гуногун буда, сатҳашон вобаста ба мавсим зуд-зуд иваз мешавад.

Кӯлҳои Қрим асосан қад-қади соҳил ҷойгиранд. Калонтарин кӯли Қрим Сасиқкӯл аст, ки ба гурӯҳи кӯҳҳои Евпатория тааллуқ дорад. Барои обёрӣ ва дигар талаботҳои маишӣ наҳрҳо ва зиёда аз 20 обанбор сохта шудааст.Шаблон:Карта Крыма-крайние точки

Мушкилотӣ бумшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мушкилоти асосии бумшинохтии Қрим ба харҷи бебозгашти об ҳангоми обёрӣ ва ҷараён мебошад. Тақр. 42 дарсадди обҳо, ки аз ҳавзаи дарёи Днепр ба воситаи Наҳри Қрими Шимолӣ ҷараён мегиранд, хушку бухор мешаванд ва ё ба гул. Сивош мерезанд. Ин амал боиси шӯра гаштани заминҳои кишт ва хушк гаштани ҳудуд мешавад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Қрим 8 минтақаи табиии махсус ҳифзшаванда мавҷуд аст.

Машҳуртарин шаҳрҳои Қрим Севастопол, Симферепол, Керч, Евпатория ва Феодосия мебошанд.

Боғи Алупка
Дарахтони хурмо дар соҳили Ялта
Канали Крими Шимолй
Херсоне Таврид як шаҳри қадимист, ки онро юнониёни қадим бунёд кардаанд.
Калисои Бизонис Яҳёи Таъмиддиҳанда дар Керч, асри VIII
Черчилл, Рузвелт, Сталин дар Ялта. феврали соли 1945


Шарҳҳо
Сарчашмаҳо
  1. (unspecified title) (ирл.) — 2006.
  • Якобсон А. Л. Средневековый Крым: Очерки истории и истории материальной культуры. — М.-Л.: Наука, 1964. — 232 с.
  • Якобсон А. Л. Крым в средние века. — М.: Наука, 1973. — 176 с. — (Из истории мировой культуры).
  • Ференнцева Ю. В. Прогулка по Крыму: Путеводитель. — Симферополь, 2003. — 244 с.
  • Шауфлер Гуго. Жизнь и творчество в Крыму: записки архитектора. — Симферополь, 2004. — 34 с.
  • Крым: Лучшие места. Фотопутеводитель. — Симферополь: СВІТ, 2011. — 48 с.